Брифинг оид ба ҳамоиши «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» дар ш. Ню Йорк

0
2 837 просмотров

Бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар бинои Намояндагӣ дар ш. Ню-Йорк 8 июл  брифинг оид ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои марбута таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» (Душанбе, 9-11 августи 2016) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони доимии як қатор кишварҳои аъзои СММ (Финландия, Непал, Танзания, Тонга, Марокаш, Гамбия, Тайланд, Маурис, Боливия, Фиҷӣ), Фиристодагони махсуси кишварҳои СММ оид ба Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об (Нидерланд, Маҷористон, Австралия, Бангладеш, Африқои Ҷанубӣ) ва намояндагони Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) ширкат намуданд.
Брифингро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ифтитоҳ намуда, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон-Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ба таваҷҷуҳи меҳмонон маълумоти муфассалро роҷеъ ба ҳамоиши болозикр расонид ва  изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он замина фароҳам хоҳад овард.

Источник: http://khovar.tj/

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Машварати назоратӣ дар Раёсати маориф

Дар маҷлисгоҳи хурди раёсати маорифи вилоят машварати назоратии назди сардори раёсати маорифи вилоят Муҳаббат Маҷидзода  бо иштироки кормандони масъули раёсат,  мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: