Боздошти ҷавони 25-сола барои интиқоли $800 ҳазор ба Дубай

0
5 318 просмотров

Як сокини 25-солаи пойтахт бо иттиҳоми он, ки 800 ҳазор долларро ба шаҳри Дубай интиқол додаст, боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин нафар ғайриқонунӣ нуқтаи интиқоли пулӣ кушода, аз 12-уми декабри соли 2015 то 21-уми январи соли равон, зиёда аз 800 ҳазор долларро аз шаҳрвандон гирифта, ба шаҳри Дубай фиристондааст. Инчунин дар як вақт ӯ аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе 200 ҳазор доллари амрикоӣ интиқол додааст.

Манбаъ мегӯяд, гумонбаршаванда дар кӯчаи Борбади пойтахт “бе иҷозатнома нуқтаи интиқоли маблағҳои пулиро ташкил намуда, ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва ба фаъолияти бонкӣ ба миқдори махсусан калон машғул шудааст.”

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Манбаъ: http://www.tojnews.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рио-2016 (07/08)

ПАРТНЕР ПРОЕКТА КОМПАНИЯ: Olá amigos. Начнём с хороших новостей. Анвар Юнусов в предварительном раунде боксёрского поединка до 60кг одолел Китайца Шан Юна. В этой же ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: