Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхона дар шаҳри Минск

0
7 610 просмотров

Дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши экспонатҳои таърихии онро тамошо карда, дар интиҳои боздид дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек баҳри шукуфоии ҳар чи бештари Ҷумҳурии Беларус ва саодатмандии мардуми ин кишвар соядаст гузоштанд.

Бо ҳамин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус ба анҷом расид.

Баъди иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва анҷоми сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Минск ба Ватан баргаштанд.

 

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ “Ховар”

Нет комментариев

Также рекомендуем

Типпи Дегре и дикие животные Африки

Типпи Дегре – необычная девушка, детство которой прошло в Африке в окружении диких животных, ставших ей лучшими друзьями. Родилась девочка 4 июня 1990 года в ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: