Блогери машҳур Ҳасбулло Магомедов (Хасбик) бо UFC шартнома баст!

0
1 390 просмотров

Блогнависи машҳури рус Ҳасбулло Магомедов, ки бо лақаби Ҳасбик маъруф шудааст, дар саҳифаи Instagram эълон кард, ки барои мубориза бурдан бо UFC шартнома имзо кардааст.

Блогнависи 20-сола, ки қадаш аз 95 см зиёд нест, дар ҳашткунҷа мубориза мебарад.

«Овозаҳо дурӯғ намегӯянд. Ман расман шартнома барои мубориза дар UFC имзо кардам! Тафсилот то охири сол маълум мешавад. Ташаккур ба UFC ва Дана Уайт барои имконият! Албатта, ман кӯшиш мекунам, ки ба боварии шумо созгор бошам. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ шудани ин орзу ба ман  кӯмак кардаанд.”-гуфтааст,Ҳасбик.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр хабарҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё  Ҳасбик бо UFC  шартномаи 5 сола бастааст. Ҳамчунин, мавсуф қаблан қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн Конор Макгрегор  таҳқир карда буд.

Манбаъ: Варзиш-Тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна дар Кувайт иштирок доранд

Аз 4 то 7 феврал дар Давлати Кувайт таҳти унвони «Онҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: