Бегоҳии имрӯз дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд Фестивали Оши палав баргузор мешавад

0
4 647 просмотров

Бегоҳии имрӯз, 5 октябр дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд-и маркази вилояти Суғд бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали Оши палав баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳо, иштирокчиёни Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намоянд.

Фесстивали Оши палав соати 16-00 оғоз меёбад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дар поён аксхоро аз фестивали гузашта пешкаш менамоем:

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Иштироки 81219 нафар хонандагон ва омӯзгорон аз Суғд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тамоми муассисаҳои вилояти Суғд ҷамъбаст гардид, ки дар он 81219 нафар хонандагон ва омӯзгорон иштирок намуданд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: