БДА: бо сабаби боридани барф, ба самти шаҳри Душанбе аз сафар худдорӣ намоед

0
4 372 просмотров

Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба диққати ҳамаи ронандагони воситаи нақлиёт мерасонад, ки аз сабаби боридани барфи зиёд ва сард гардидани ҳаво роҳҳо ях баста, ҳаракати воситаи нақлиёт ва пиёдагардон мушкил гаштааст.

Аз ин лихоз аз хамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки дар вақти ҳаракат дар роҳҳо бисёр эҳтиёткор буда ҳаёти худ ва дигаронро аз хатар эмин нигоҳ доранд. Ҳамзамон ба диққати ронандагони, ки ба самти шаҳри Душанбе сафар кардани ҳастанд расонида мешавад, ки аз сабаби бад будани боду ҳаво роҳ дар теппаи Майхура баста шудааст ва ронандагонро зарур аст, ки то кушодашавии роҳ ба самти шаҳри Душанбе аз сафар худдорӣ намоянд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самый большой карп

Любой заядлый рыболов не откажется продемонстрировать свои трофеи. А если это будет самый большой карп, то гордиться действительно есть чем. В этом плане удача повернулась ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: