Барномаи ҳунарии Ҷонибек Муродов дар Киев

0
7 136 просмотров

Ҷонибек Муродов ҳамакнун бо тахаллуси Jonibek рӯзи ҳаждаҳуми декабр дар Киев барномаи ҳунарии тозаи худро бо номи «ДИВО»-ро намоиш хоҳад дод. Дар ин консерт ҳунарманд сурудҳои машҳур ва ҳам тозаашро месарояд. Дар ин барномаи тоза Ҷонибек Муродов мусиқии украинӣ ва шарқиро пайванд додааст. Дар консерт ҳунарманд бо мусиқии зинда ва барномаи театрикунонидашуда суруд мехонад.

«Хело хурсандам, ки метавонам дар Украина барномаи консертии нави худро пешниҳод кунам, ки бо гурӯҳи ҳунармандони украинӣ омода шудааст. барномаи ман- ин ҷаҳлони мусиқии ман аст! Ба консерти «ДИВО», ки 18-уми декабр дар «Caribbean Club» баргузор мешавад, шумоёнро даъват мекунам. Ваъда медиҳам, ки эҳсоси аз консерт бардоштаатон то дер дилҳоятонро гарм нигаҳ медорад.

Ман барои мухлисонам сюрпризҳои зиёде омода мекунам»,- навиштааст ҳунарманд дар саҳифаи фейсбукиаш.

Интизор меравад, ки ба бинандагон чанд суруди украинии Ҷонибек Муродов пешниҳод карда мешавад. Ҷонибек Муродов аллакай суруди «»Прощай»-ро ба забони украинӣ сабт ва бо клипи тоза пешниҳод кардааст. Шеъри Прощай»- ба қалами Иван Франко ва мусиқии он ба Александр Яшин тааллуқ дорад. Ҷонибек Муродов- яке аз ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик  аст, ки то имрӯз 5 албом сабт кардааст ва дар чанде аз озмунҳои байналмилалӣ ширкат карда, ҷоиза ба даст овардааст.

 

 

Манбаъ: сомонаи расмии  sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Facebook появится блокировка постов

Наконец-то можно будет по-настоящему отфильтровать свою ленту! Facebook для многих стал основным источником информации, заменив собой радио, газеты и телевидение. Однако новостная лента этой социальной ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: