Баргузории мусобиқаҳои вилоятӣ оид ба пойга, чавгонбозӣ ва бузкашӣ

0
3 420 просмотров

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар майдони аспдавонии  ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рузи якшанбеи 26 март мусобиқаи вилоятӣ оид ба пойга баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ иштирок намуд. Муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода иштирокчиёни чорабинии варзишӣ ва мардуми ҷамъомадаро ба Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳор дошт, ки ҳар сол дар арафаи иди аҷдодӣ мусобиқаҳои пойгаву бузкашӣ баргузор мешавад ва мусобиқаҳои имрӯза 19-умин мусобиқа ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаи вилоятии пойга дар 9 давр ҷараён гирифт ва дар он беш аз 70 асп иштирок намуд. Дар даври ниҳоӣ асп бо номи «Робенгуд» масофаи муқарраршударо аз ҳама пештар тай намуд. Ба ғолибони мусобиқаи вилоятӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба ғолиби ҷои аввал 3 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Дар ин рӯз ҳамчунин мусобиқа оид ба чавгонбозӣ ва бузкашӣ доир шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Исфара ба 1875 нафар кӯмаки моддӣ расонида шуд

Аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, масъулини мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 495 нафар, аз ҷониби вакилонимаҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳр 330 нафар, аз тарафи ҷомеаҳои меҳнатӣ 335 нафар вааз ҷониби соҳибкорон 540 нафар сокини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аёдат шуданд.Тибқи иттилои Иқбол Тешаев, котиби матбуоти раиси шаҳри Исфара бо қарори раиси шаҳри Исфара ба 42 нафар шахси камбизоати шаҳр ба маблағи 8400 сомонӣ кумакпулии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: