Барқияи Эмомали Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев

0
2 017 просмотров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам.

Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи ин ҷонибро иброз намоям.

Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ таманно дорам.

Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дилшод Назаров дар Осиё мақоми нав гирифт

20-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Доҳаи кишвари Қатар маросими Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё барои интихоби роҳбарони Федератсияи мазкур баргузор шуд. Дар ин маросим ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: