Банақшагирии барқарорсозии 17 адад пул дар Бадахшон

0
1 983 просмотров

Зимни татбиқи   лоиҳаи «Мустаҳкам намудани  инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устоворӣ зидди хатарҳои табиӣ» дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барқарорсозии 17 адад пул  ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияҳои Дарвоз 2 адад,  Ванҷ 8 адад, Рӯшон 3 адад  ва  Мурғоб  4 адад пулҳои мошингарди харобгашта аз нав барқарор мегарданд.Ба мақсади амалисозии лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Ванҷ навсозии  пулҳои мошингарди харобгашта аз болои дарёи Ванҷоб оғоз ёфт.

Се адад аз ин пулҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Техарв бунёд мегарданд, ки  деҳаҳои Чихих, Удоб ва Техарвро бо ҳам пайваст месозанд. Дар  километрҳои 25, 26-уми қитъаҳои роҳи мошингарди Ванҷ-Техарв аз болои ду рӯдхонаи кӯҳӣ ва байни деҳаҳои Чихоху Техарв аз болои дарёи Ванҷоб навсозии пулҳои мошингард идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Участие Таджикистан в переговорах по проведению учения «Боевое братство-2019»

Военная делегация Таджикистана приняла участие в работе вторых штабных переговоров по вопросам подготовки и проведения специального учения «Поиск-2019», проводимых в рамках оперативно-стратегического учения «Боевое братство-2019». ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: