Ба Бадахшон дастгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ворид карда шуд

0
763 просмотров

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардум ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба маблағи 497 ҳазор доллари ИМА дастрас гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Роҳбарияти вилоят зимни қабули дастгоҳи мазкур таъкид доштанд, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, зери таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дастрас гардидани дастгоҳи сайёри санитарию эпидемологӣ ба вилоят шаҳодат аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони вилоят мебошад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки минбаъд бо ин таҷҳизоти муосири тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро дар минтақаҳои дурдасти вилоят боз ҳам баланд бардошта, дар ҳифзи сиҳатии ҷомеа саҳм гузоранд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе бо иштироки ширкатҳои кореягӣ муколамаи тиҷоратӣ баргузор гардид

Тоҷикистон ва Корея ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият мебахшанд. Далели ин баргузории муколамаи тиҷоратӣ бо ширкатҳои Корея мебошад, ки ҷиҳати диверсификатсияи ҷалби сармояи хориҷӣ дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: