Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон «Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ»-ро барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод кард. Ин феҳраст аз чор ҳазор намунаи номҳои тоҷикӣ иборат аст ва ба идораҳои сабти асноди холати шаҳрвандӣ пешниҳод хоҳад шуд. Тавре сомонаи Радиои Озодӣ хабар медиҳад, номгузори тибқи ин феҳраст ҳатмӣ буда, масъулини шӯъбаҳои сабти асноди шаҳрвандӣ вазифадор мешаванд, ки берун аз доираи он номгузорӣ карда нашавад. Сокинон ҳақ надоранд, ки ба фарзандони худ бо пасвандҳои туркии «қул», «хон» ва ғайра ном гузоранд. Аммо ба шаҳрвандони миллатҳои дигар ҳақ дода мешавад, ки мутобиқи анъанаҳои миллиашон барои кӯдакони худ ном интихоб кунанд. ozodi.org
Марк Цукерберг ваъда кард, ки миллиардери фозил хоҳад буд
Соҳиби Facebook Марк Цукербург ваъда додааст, ки дар соли нав бештар ба мутолиаи китоб машғул хоҳад шуд. Вай ваъда дод, ки дар як ҳафта як ...


Нет комментариев