Аёдати тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд

0
3 612 просмотров

Ба ифтихори Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар чорабинии идона ва аёдати тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ба ин муассисаи иҷтимоӣ ташриф овард ва шодишарики хурдсолон гардид.  Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати бошандагони Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ намуд. Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, беҳтар намудани кори таълиму тарбия ва дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Ба муассисаи иҷтимоӣ аз ҷониби Раиси вилоят яхдону чангкашак ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим гардида, барои 60 нафар бошандагони он аз тарафаи сарпарастон дастархони идона ороста шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар вилояти Суғд 19 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 1800 нафар ба таълиму ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳо ташкил гардида, аз ҷониби сарпарастону саховатмандон дастархони идона ороста шуд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 25.10.2017

Имрӯз, 25 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8100 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: