Ширкати Apple лабораторияи махфии худро дар маркази Берлин кушодааст. Мувофиқи маълумоти нашриёти Frankfurter Allgemeine, дар ин лабаратория коркарди автомобили инноватсионии Apple Car (iCar) пеш бурда мешавад.
Асрор ифшо гардид.
Барои кашф ва коркард намудани автомобили насли нав як гурўҳи муҳандисони соҳибтаҷрибаю баландихтисос, технологҳои автомобилӣ ва барномасозон корбарӣ менамоянд. Мутобиқи маълумотҳои асосии сарчашма ин гуна лаборатория инчунин дар Вена низ ҷойгир буда метавонад.
Чунин ақидае ҳам ҳаст, ки Apple Car дар истеҳсолот ба ширкати Magna кўмак хоҳад расонид. Он яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли маҷмўи автомобил мебошад.
Зери махфияти қатъӣ.
Ширкат ҳеҷ гоҳ эътироф намекард, ки айни замон кашфиёту коркарди автомобили Apple Car ҷараён дорад. Вале бисёр овозаҳо маҳз ба ин чиз ишора мекунанд. Ҳанўз як сол пеш аз ин нашриёти The Financial Times хабар дода буд, ки бисёр экспертони ширкатҳои бузурги автомобилӣ ба монанди Ford ва Mercedes-Benz ба идораи Apple гузаштаанд.
Шинос шавед! 10 кӯдаки миллионери ҷаҳон
Баъзе одамон то дами марг заҳмат кашанд ҳам, шикамашон як умр нони сериро намебинад, вале дар радифи ин, кӯдаконе ҳастанд, ки дар боигарӣ ғӯта зада, ...


Нет комментариев