«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф карда шуданд

0
989 просмотров

Бо қарори Раёсати  Бонки миллии Тоҷикистон «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон дониста шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тазаккур дода шуд, ки «Амонатбонк» бо  меъёри ҷамъбастии 24,27, «Ориёнбонк» 20,06 ва «Бонки Эсхата» бо меъёри 14,39 дар рӯйхати бонкҳои низомсози мамлакат  дар соли 2023 ҷой гирифтанд.

Ҳамзамон бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ  гардид. Тибқи он ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» бо меъёри ҷамъбастии  5,17 ташкилоти қарзии эҳтимолӣ эътироф карда шуд.

Рӯйхати мазкур соле як маротиба бо дарназардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ таҳия карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Муҳит ва партов

Мо оиди ҳифзи муҳити зист, ки ҷиҳати асосии фаъолияти мо мебошад, ҳамеша ғамхорӣ менамоем. Дар ҳар як заводи истеҳсолкунанда мо меъёрҳо ва қоидаҳоро оид ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: