Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самти инноватсия ва зеҳни сунъӣ густариш меёбад

0
6 просмотров

26 май дар ҳошияи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид ва Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, профессор Тшилидзи Марвала баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ, истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони касбии соҳаи технологияҳои рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, ташаккули инфрасохтори муосири инноватсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, дастгирии экосистемаи инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди зеҳни сунъӣ муҳокима гардиданд.

Дар доираи вохӯрӣ ба меҳмон фаъолияти яке аз стартапҳои ватанӣ дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ муаррифӣ гардида, имкониятҳои амалии татбиқи он дар соҳаи тиб намоиш дода шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди робитаҳои минбаъда дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди рақамӣ ва инноватсия иброз намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: