Ҷалби 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшираи шафқат дар Тоҷикистон барои табобати COVID-19

0
1 795 просмотров

Барои табобати бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшираи шафқат ҷалб гардидаанд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, духтуроне, ки ба табобати COVID-19  машғуланд, нақшаи кории махсус дошта, 24 соат кор мекунанд ва  беморон шабонарӯзӣ  таҳти назорати онҳо қарор доранд.

«Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кӯшиш дорад, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ табобати коронавирус аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Феълан, нашри панҷуми дастур оид ба табобат ва пешгирии коронавирус ба табъ расида, вазир онро имзо кардааст. Мо кӯшиш мекунем, ки ҷараёни  табобат чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳрҳо бо алгоритми ягона  роҳандозӣ шавад», — гуфт Ғафур Муҳсинзода.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти таҳлилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ расман мавҷи дуюми коронавирусро эълон намуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барномаҳои ройгони Photoshop дар базаи AI

Таҳиягарони Adobe ба зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки аксҳоро мустақилона таҳрир кунанд. Дар чорабиниҳои Adobe MAX 2019, барномаи Photoshop Camera бо истифода аз алгоритмҳои AI ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: