А. Қодирӣ мардуми Истаравшану Ғончиро дӯсту бародар хонд

0
3 063 просмотров

Ҳини сафари худ раиси вилоят пас аз дидан кардан аз ноҳияи Ғончӣ дар ноҳияи Спитамен сафари худро идома дод. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози мумфаршкунии роҳи аҳмияти маҳаллидоштаи байни деҳаи Куруш-Нови ноҳия иштирок намуд. Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки дар доираи соли роҳҳои обод дар соли сипаришудаи 2014 беш аз 2800 км роҳҳо таъмиру навсозӣ шуданд. Ба таъкиди Раиси вилоят дар идомаи татбиқи барномаи соли роҳҳои обод дар соли равон беш аз 3100 км роҳҳои вилоят таъмиру таҷдид мешаванд. Дар ин росто дар ноҳияи Спитамен 92,5 км роҳ таъмир мешавад. Тавре таъкид гардид, роҳи миёни деҳаи Куруш ва Нов 11 км буда, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят навсозӣ мешавад.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд

Дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: