Филми тасвирии «Алифбо» аз «Тоҷикфилм»

0
2 936 просмотров

Шуъбаи филмҳои аниматсионии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки   то охири сол барои кӯдакони синни томактабӣ филми тасвирии пурраи «Алифбо» -ро  истеҳсол намояд.  

Ба зикри манбаъ, филми мазкур баъд аз  омодагӣ, тартиби ҷузъиёт ва сохтани персонажҳо дар марҳилаи сохтани аниматсия қарор дорад.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки барои офаридани филми мазкур  беш аз 20 нафар мутахассисони варзида фаъолият доранд.

Филм аз рўйи сенарияи Умеда Раҳимова  бо коргардонии Фирдавс Насруллозода таҳия мегардад. Барои овоз ва дубляжи филми аниматсионии «Алифбо» ҳунармандони театру кино даъват карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кӯли гулобиранг

Дар ҷанубу ғарбии мамлакати Австралия  кӯли Хиллер мавҷуд аст, ки ранги аҷоиби гулобиро дорад. Дарозии кӯл 600 меттро ташкил медиҳад. Дар атрофи соҳилҳои кӯли Хиллер ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: