Ҳамасола 7 май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад. Рушди босуръати ҷаҳони муосирро бе пешрафти соҳаи алоқа тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро, мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири техникӣ имрӯз имконият фароҳам овардааст, ки амалӣ намудани амалиётҳои иқтисодӣ, дастрас намудани маълумотҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ аз тамоми нуқоти ҷаҳон дар фосилаи кӯтоҳтарини вақт имконпазир гардидааст.
Ҳамқадами замон ва узви ҷудонашавандаи шабакаи ҷаҳонии алоқа будан амри воқеъӣ ва талаботи замон мебошад.
Бояд қайд кард, ки кормандони соҳа дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат варзида вазифаҳои ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро карда меоянд.
Кулли кормандони соҳаро ба ин Рӯзи саид табрику муборакбод мегӯем.
Густариши ҳамкориҳои БАТР бо низоми бонкии Тоҷикистон
Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) соли ҷорӣ дар соҳаҳои низоми бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон 7 лоиҳаро татбиқ мекунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии ...


Нет комментариев