Тағйирот ба қонуну қоидаҳои футбол

0
6 800 просмотров

Шӯрои байналмилалии ассотсиатсияҳои футболӣ (IFAB) дар иҷлосия 133-юмини худ дар шаҳри Абердини Шотландия ба қонуну қоидаҳои футбол чанд тағйирот ворид кард.

1.     Тасодуфан ё беихтиёрона бо даст бозӣ кардан муҷозот карда мешавад, агар футболбоз партофти голбахшо ё гол занад;

2.     Футболбозеро, ки иваз мекунанд бояд аз мавзеи наздиктарини марзи майдон аз он берун шавад. Дигар шарт нест ба маркази майдон ояд;

3.     Қоидаҳои бо кортҳои зард ва сурх муҷозот шудани намояндагони дастаҳо дар ҳолати содир кардани рафтори ғайриварзишӣ ислоҳ гардид;

4.     Қоидаи ҳангоми иҷроиши зарба тӯб бояд ҷаримагоҳро тарк кунад ва баъд аз он бозигар метавонад ба тӯб расад, бекор карда шуд;

5.     Дар девори дифоӣ истодани бозигарони дастаи рақиб манъ карда шавад. Минбаъд бозигарони дастаи зарбаи ҷаримавиро иҷромекарда дар масофаи на камтар аз як метр дуртар аз девори дифоӣ бояд ҷойгир шаванд.

6.     Ҳангоми иҷроиши пеналтӣ як пойи дарвозабон ҳам болои хаттаки дарвоза бошад, кифоя аст;

7.     Дар баъзе ҳолатҳои расиши тӯб ба довар “тӯби баҳсӣ” таъин мешавад.

Ин тағйироту иловаҳо ба қонуну қоидаи футбол аз моҳи июни соли 2019 ба ҳукми иҷро медароянд.

Манбаъ: ТВ Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на 23.11.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 23.11.2018 года с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определилофициальный курс иностранной валюты по отношению к сомони. 1 доллар США = ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: