Пас аз анҷоми бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол ҳама иштирокчиёни марҳилаи нимниҳоӣ муайян шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ҷуфтҳои зерин ба ҳам меоянд:
«Равшан» — «Хуҷанд»
«Эсхата» — «Сардор»
Рақобатҳои даври нимниҳоӣ аз ду бозӣ иборатанд. Дастаҳое, ки аз рӯйи натиҷаи ду вохӯрӣ пирӯз мешаванд, ба финал роҳ меёбанд ва барои ба даст овардани Ҷом муборизаро идома медиҳанд.
Ҳаҷми умумии ҷоизаҳои Ҷоми Тоҷикистон имсол 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа 200 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ба даст меорад.
Ғайр аз ин, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати КФО-2027/28 мегардад.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев