Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз рӯйи наминатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври шаҳрии озмун 120 довталаб дар номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок мекунанд.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, бо баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд, гузаронида мешавад.
Тибқи Низомномаи озмун, дар номинатсияи санъати тасвирӣ нусхабардории асарҳои рассоми дигар қатъиян манъ аст.
Асари офарида бояд бе ёрии падару модар ва устод тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он номи асар, насаб, ном ва номи падар, синни иштирокдори озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор) дарҷ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев