Тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд

0
55 просмотров

Шуруъ аз 5 январи соли 2026 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавиро ба таври электронӣ ва бо истифода аз QR-рамз дастрас намоянд. Минбаъд барои гирифтани ин хизматрасонӣ ҳозир шудан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат нахоҳад дошт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин иқдом бо мақсади татбиқи муқаррароти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» амалӣ гардид.

Мувофиқи тартиби нав, шаҳрвандон баъди гирифтани маълумотномаи вазъи оилавӣ аз бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо метавонанд барои тасдиқи аслияти он ба сомонаи расмии Вазорати адлия ворид шуда, дар равзанаи «Маълумотнома — тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ» маълумоти заруриро пур намоянд. Ариза тавассути ин портал ба таври электронӣ ба вазорат ирсол мегардад.

Натиҷаи баррасии ариза ба шаҳрванд дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронӣ ё тавассути смс-паёмак ба рақами телефони мобилии дар ариза гуфташуда фиристода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин хизматрасонӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, шаҳрвандон новобаста аз он ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё берун аз он қарор доранд, метавонанд аз ин хизматрасонии электронӣ истифода намоянд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: