Нахустин хатсайри мустақими ҳавоии Бишкек-Хуҷанд-Бишкек фаъол гардид

0
423 просмотров

16 март нахустин хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкек тавассути Ширкати «Асман Эйрлайнс»-и Қирғизистон анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Нахустин мусофирони хатсайр намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон ва дигар шахсони расмӣ буданд.

Хатсайр бо мақсади густариши ҳамкории иқтисодӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров фаъол гардид.

Дар ин сафар меҳмонон бо осоишгоҳи «Баҳористон», Қалъаи Хуҷанд ва Қасри таърихии Арбоб шинос шуданд.

Хатсайри нави Бишкек-Хуҷанд-Бишкек ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сайёҳии ду мамлакат мусоидат намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ имконияти нав фароҳам меорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хуҷанд: Аёдати 7 нафар иштирокчиёни ҶБВ

Сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Ҳакимҷон Шарифзода, муовини сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: