“Реал” бар “Атлетико” зафар ёфт

0
533 просмотров

Дар доираи бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Атлетико Мадрид” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи бошукуҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадриди Испания дар ҳузури 77 261 нафар мухлис баргузор шуд. Бозиро ҳайати доварони фаронсавӣ бо роҳбарии Клемент Тюрпен ҳакамӣ карданд. Вохӯрӣ ба ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Реал Мадрид” анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 4-уми бозӣ Родрико аз паси головари Федерико Валверде истифода намуда, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 32-юми бозӣ Хулиан Алварес бо голи зебои худ, таносубро баробар намуд.

Голи ғалабаоварро барои “Реал Мадрид” дар дақиқаи 55-уми бозӣ Браҳим Диас ба самар расонид. Паси головарро Ферлан Менди анҷом дод.

Ин бозии 10-уми дастаҳо дар Лигаи Чемпионҳо буд. Дар ин бозиҳои байнихуди 6 ғалаба ба фоидаи “Реал”, 2 ғалаба ба фоидаи “Атлетико” ва 2 натиҷаи мусовӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, ин бозӣ барои “Реал” бозии ҷашнӣ буд, зеро онҳо бозии 500-уми худро дар мусобиқаҳои аврупоӣ анҷом доданд. Дар ин ҳисоб “Реал Мадирд” 301 ғалаба, 85 мусовӣ, 113 бохт ва 15 ҷоиза дорад.

Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 12-уми март дар варзишгоҳи “Метрополитано”-и шаҳри Мадрид баргузор мегардад. Пас аз натиҷаи бозии ҷавобӣ маълум мешавад, ки кадом даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

“Бахши Эълонҳо”

“Бахши Эълонҳо” — бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шунавандагон ба иттилооти рӯзғорӣ, ташкил карда шудааст. Дар он шаҳрвандон, корхонаву муассисаҳо ва дигар ширкатҳо метаваонанд, эълонҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: