Оғози рақобатҳои дзюдочиёни тоҷик дар ЧҶ-2018

0
4 112 просмотров

Дар рӯзи аввали рақобатҳои Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷараён дорад, рақобатҳо дар вазни 60 кг миёни мардон оғоз шуданд.

Дар ин маъракаи муҳташами фароҷаҳонӣ аз ҳайати мунтахаби кишвар нахустин шуда Суҳроб Боқиев ба майдон баромад. Ӯ дар даври аввал аз паҳлавони Кореяи Шимолӣ — Чой Ин Ҳюк шикаст хурда, аз идомаи сабқат маҳрум гардид.

Пагоҳ рақобатҳо дар вазни 66 кг миёни мардон сурат мегиранд. Дар ин вазн Тоҷикистонро Ёқубҷон Боқиев ва Наврӯз Каримзод муаррифӣ мекунанд. Ёқубҷон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари кишвари Малта Сейвел Ҷереми майдондорӣ хоҳад кард.

Наврӯз Каримзод бошад, дар даври аввал бо намояндаи Перу Хуан Постигос сабқат мекунад.

Манбаъ: Варзиш ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ғалабаи дастаи Тоҷикистон бар дастаи Туркманистон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастаи  мунтахаби Туркманистонро бо  ҳисоби 2:0 мағлуб ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: