9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд

0
408 просмотров

9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Дар сафорат иттилоъ доданд, ки ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2024, соати 07:15 (бо вақти Душанбе) / 8 сентябр, соати 22:15 (бо вақти Ню-Йорк) фурӯзон хоҳад шуд.

Чорабинии ҷолиб ба муносибати Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад:

https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/?cam=niagarafalls_str

ва /ё https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/?cam=niagarafalls2  

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барои ифротӣ нагаштани ҷавонон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ бояд ҷалб намуд

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон,  намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти имсол доир гардид, дар Бонки миллии Тоҷикистон  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: