9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд

0
429 просмотров

9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Дар сафорат иттилоъ доданд, ки ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2024, соати 07:15 (бо вақти Душанбе) / 8 сентябр, соати 22:15 (бо вақти Ню-Йорк) фурӯзон хоҳад шуд.

Чорабинии ҷолиб ба муносибати Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад:

https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/?cam=niagarafalls_str

ва /ё https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/?cam=niagarafalls2  

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вакилон рушди туризмро баррасӣ карданд

16 апрели соли 2018 дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати панҷум баргузор гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: