22 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд

0
630 просмотров

Шуруъ аз 22 июл вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи якуми соли 2024 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тибқи он нишастҳои матбуотӣ 22 июл оғоз гардида, 9 август ба анҷом мерасанд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷамъомадҳои тантанавӣ доир мешавад

24-уми ноябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор мегардад. Чорабинии вилоятӣ ба муносибати Рӯзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: