22 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд

0
580 просмотров

Шуруъ аз 22 июл вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи якуми соли 2024 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тибқи он нишастҳои матбуотӣ 22 июл оғоз гардида, 9 август ба анҷом мерасанд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ситора ба Афғонистон мекӯчад?

-Ситорабону, шунидем, ки ҳунарӣ ровигӣ доред? -Касби журналистиро аз хурдиям дӯст медоштам, вале тақдир маро ба ҷодаи рӯзноманигорӣ неву ба роҳи сарояндагӣ бурд. -Аз овозхон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: