То моҳи июн дар варзишгоҳҳои Хуҷанд ва Фархор нурафканҳо насб карда мешаванд

0
745 просмотров

Тибқи протоколи мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболии кишвар, ки дар он масъалаи баргузории бозиҳои мавсими нави чемпионати Тоҷикистон бегоҳирӯзӣ баррасӣ шуда буд, дар варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ва Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор корҳои насби таҷҳизоти равшандиҳанда идома доранд.

Раисони вилояти Суғд ва ноҳияи Фархор ба далели дертар расидани таҷҳизот, хостори ба таъхир андохтани муҳлати супоридани варзишгоҳ шуданд ва талаби муваққатан иҷоза додани баргузории бозиҳои мавсими нав дар варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва Варзишгоҳи марказии Фархор намуданд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 23.01.2018

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 23 январ  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8240 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: