Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

0
486 просмотров

Вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат зимни вохӯрии Раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо соҳибкорони ватанӣ баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи вохӯрӣ  баррасии нақшаҳои кумита дар самти ҷалби сармоя вар рушди соҳибкорӣ дар мамлакат буд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба мушкилиҳои соҳибкорон дар самти фаъолияти онҳо, низоми фаъолияти ассотсиатсияҳо бо ширкатҳои ватанӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.

Аз ҷониби раиси кумита баҳри беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорон пешниҳодҳои зарурӣ дар самти таҳияи бизнес -нақшаҳо, рақамикунонии фаъолияти ширкатҳои ватанӣ ва густариши ҳамкорӣ байни кумита ва соҳибкорони ватанӣ манзур гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Баргузории мулоқоти вазирони мудофиаи ду кишвар

Дар доираи баргузории машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар гарнизони вилояти Суғд Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: