Ба ғолибони озмун то 7 000 сомонӣ тақдим мешавад

0
4 162 просмотров

Бо мақсаду рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёт моҳҳои июн – ноябри соли 2018 «Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 30 майи соли 2018, №226 ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерия, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ гузаронида мешавад ва дар он наврасон ва ҷавонони то 30 сола метавонанд иштирок намоянд. Ба ғолибони озмун аз 2 000 то 7 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим мешавад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Э.Рахмон подписал Указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон подписал накануне Указ «О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения, увеличению действующих должностных окладов  государственных служащих, работников бюджетных учреждений, организаций, размеров пенсий ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: