Дастпарварони тен Ҳаг боз дар дербии шаҳри Манчестер ноком шуданд

0
801 просмотров

Дар доираи бозиҳои даври 10-уми чемпионати Англия дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Манчестер Сити” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” дар ҳузури 73 502 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 3 ба суди “шаҳриҳо” анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати дастаи “Манчестер Сити” – Эрлинг Ҳоланд ду маротиба ва Фил Фоден ба самар расониданд. Ҳоланд беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд. Ӯ дар ин бозӣ дубл карда, боз ба Фоден ирсоли головар анҷом дод.

Бо ин ғалаба дастаи “Манчестер Сити” бо 24 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Манчестер Юнайтед” бо 15 имтиёз дар ҷои 8-ум мавқеъ гирифтааст. “Тоттенхэм” бо 26 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мушкилоти дастрасии оби нӯшокӣ ҳал шуд

Бо мақсади ҳалли муаммои дастрасӣ ба оби нушокӣ дар маҳаллаи «Чашмаи арзана»-и шаҳри Хуҷанд ва тибқи дастуру супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гурӯҳи корӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: