Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои пеш аз бозӣ бо дастаи Уммонро анҷом дод

0
949 просмотров

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои қабл аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» бо тими миллии Уммонро доир намуд.

Машқҳои дастаи мо дар яке аз майдонҳои тамринии Академияи «Бунёдкор» сурат гирифта, як соат давом кард. Ҳама 26 бозигаре, ки дар ихтиёри сармураббӣ Петр Сегрт ҳаст, ба бозии дарпешистода омодагӣ мебинад.

Бояд гуфт, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» миёни дастаҳои Уммон ва Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешавад. Бозӣ соати 18:30 оғоз мегардад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: