Суғд: дар майдони 18,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад

0
923 просмотров

Соли равон дар  хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд бояд дар майдони 18 ҳазору 500 гектар картошка кишт карда шавад. Аз ин нишондиҳанда 1 ҳазору 206 гектарро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи маълумот, то 12 апрел дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 4 ҳазору 91 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки 22,1 фоизи дурнаморо дар бар гирифта, нисбат ба соли пешин 269 гектар зиёд аст.

Дурнамои кишти картошкаи барвақтиро шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Панҷакент 100 фоиз таъмин намудаанд.

Тазаккур дода шуд, ки барои иҷрои дурнамо картошкаи тухмӣ, аз ҷумла навъҳои «Аладдин», «Кардинал», «Пикассо», «Редскарлет», «Кондор», «Нуринисо», «Янка», «Ғалла» ва «Биг-Роза» захира карда шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ ДАР БИНОИ МАРКАЗИИ АГЕНТӢ БО ШИРКАТИ КОРТАЪМИНКУНАНДАИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН

ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ ДАР БИНОИ МАРКАЗИИ АГЕНТӢ БО ШИРКАТИ КОРТАЪМИНКУНАНДАИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН ​Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: