«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф карда шуданд

0
877 просмотров

Бо қарори Раёсати  Бонки миллии Тоҷикистон «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон дониста шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тазаккур дода шуд, ки «Амонатбонк» бо  меъёри ҷамъбастии 24,27, «Ориёнбонк» 20,06 ва «Бонки Эсхата» бо меъёри 14,39 дар рӯйхати бонкҳои низомсози мамлакат  дар соли 2023 ҷой гирифтанд.

Ҳамзамон бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ  гардид. Тибқи он ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» бо меъёри ҷамъбастии  5,17 ташкилоти қарзии эҳтимолӣ эътироф карда шуд.

Рӯйхати мазкур соле як маротиба бо дарназардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ таҳия карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 03.11.2017

Имрӯз, 3 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8150 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: