Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 70 нафар хатмкунандагони марказҳои омӯзишии дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ ва қолинбофӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуд. Ба иттилои роҳбари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар вилоят Фирдавс Ашӯрматов бо дастгирии Кумита дар ин ноҳия 3 маркази омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва як маркази истеҳсолии дӯхти либосҳои мактабӣ роҳандозӣ гардидааст, ки то ба имрӯз марказҳои мазкурро наздик 700 нафар ҷавонон хатм намуда, ройгон соҳиби ҳунар гардиданд.Вай ҳамчунин афзуд: соли 2014 дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ин ноҳия баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ марказҳои ройгони омӯзишӣ ташкил шуд, ки дар фурсати кӯтоҳ ин марказҳоро 160 нафар ҷавонон хатм намуданд. Дар ин бора sugd.tj иттилоъ доданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Давлатманд Холов ҳамдардӣ баён намуданд
Шаби 18 феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Узбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ...


Ташаккури зиёд барои хабар