Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 70 нафар хатмкунандагони марказҳои омӯзишии дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ ва қолинбофӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуд. Ба иттилои роҳбари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар вилоят Фирдавс Ашӯрматов бо дастгирии Кумита дар ин ноҳия 3 маркази омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва як маркази истеҳсолии дӯхти либосҳои мактабӣ роҳандозӣ гардидааст, ки то ба имрӯз марказҳои мазкурро наздик 700 нафар ҷавонон хатм намуда, ройгон соҳиби ҳунар гардиданд.Вай ҳамчунин афзуд: соли 2014 дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ин ноҳия баҳри эҳёи ҳунарҳои миллӣ марказҳои ройгони омӯзишӣ ташкил шуд, ки дар фурсати кӯтоҳ ин марказҳоро 160 нафар ҷавонон хатм намуданд. Дар ин бора sugd.tj иттилоъ доданд.
Чой ҳамчун дору
Чой-нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон мебошад. Дар садсолаи охир баъди он ки бисёр мутахассисон ба таври илмӣ тасдиқ намуданд, ки он барои саломатӣ ...


Ташаккури зиёд барои хабар