Зоопарк ба қаламрави Боғи Ғалаба кӯчонида намешавад

2
5 501 просмотров

зооСармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев маълумоти як қатор васоити ахбори умум дар бораи ба қаламрави Боғи Ғалаба кӯчонида шудани Боғи ҳайвонот (зоопарк)-и пойтахтро рад кард. Ба гуфтаи номбурда, рӯзноманигорон гуфтаҳои ӯ дар ин мавридро каме нодуруст ба қалам додаанд. «Зимни конфронси матбуотӣ доир ба ин масъала ман изҳор намудам, ки барои сохтмони Боғи нави ҳайвонот дар қаламрави хоҷагии ҷангали Қамчин, воқеъ дар самти шимолу шарқии Боғи Ғалаба мутобиқи нақшаи генералии пойтахт ҷудо кардани 25 гектар қитъаи замин пешбинӣ шудааст», — иброз дошт ӯ. Сармеъмори шаҳр ҳамчунин зикр кард, ки айни замон лоиҳаи қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони Боғи ҳайвоноти нав мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора  news.tj хабар медиҳад.

2 comments

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Бозиҳои компютерӣ

Дар Ҷопон хонаҳои истиқоматӣ хеле хурданд. Аксар вақт ҳатто ҷойгир кардани як компютер, дар он имконнопазир аст. Маҳз барои ҳамин, ҷопониҳо дар приставкаҳо бозӣ мекунанд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: