Зоопарк ба қаламрави Боғи Ғалаба кӯчонида намешавад

2
5 494 просмотров

зооСармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев маълумоти як қатор васоити ахбори умум дар бораи ба қаламрави Боғи Ғалаба кӯчонида шудани Боғи ҳайвонот (зоопарк)-и пойтахтро рад кард. Ба гуфтаи номбурда, рӯзноманигорон гуфтаҳои ӯ дар ин мавридро каме нодуруст ба қалам додаанд. «Зимни конфронси матбуотӣ доир ба ин масъала ман изҳор намудам, ки барои сохтмони Боғи нави ҳайвонот дар қаламрави хоҷагии ҷангали Қамчин, воқеъ дар самти шимолу шарқии Боғи Ғалаба мутобиқи нақшаи генералии пойтахт ҷудо кардани 25 гектар қитъаи замин пешбинӣ шудааст», — иброз дошт ӯ. Сармеъмори шаҳр ҳамчунин зикр кард, ки айни замон лоиҳаи қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони Боғи ҳайвоноти нав мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора  news.tj хабар медиҳад.

2 comments

Добавить комментарий для мехрона Отменить ответ

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 31.01.2023

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.2920 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: