Дар Тоҷикистон маъракаи ташхис ва муоинаи ройгон роҳандозӣ мегардад

0
848 просмотров

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани хизмати ройгони тиббӣ ба аҳолӣ маъракаи «Корвони саломатӣ» ба роҳ мондааст. Дар доираи он сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд аз ҷониби табибони ботаҷриба ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас намуд, ки онҳо дорои дастгоҳҳои зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд.

Бо истифода аз нақлиёти махсуси сайёр сокинони дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ марҳила ба марҳила ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1‑уми марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: