Пас аз 9 сол дигабора “Милан” ба даври плей-оффи ЛЧ баромад

0
995 просмотров

Бошгоҳи  «Милан» дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар майдони худ «Ред Булл Залтсбург»-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сан-Сиро» (Ҷузеппе Меатсса) дар шаҳри  Милан баргузор шуд.

Дар дақиқаи 14-ум ҳамлагари мизбонон Оливйе Жиру ҳисобро боз кард, ки ба он Сандро Тоналӣ ирсоли головар анҷом дод. Дар дақиқаи 46-ум нимҳимоятгари босниягӣ Раде Крунич бартарии «Милан»-ро дуболо кард.  Пас аз 11 дақиқа дигарбора  Жиру ба задани гол даст ёфт.  Дар анҷоми вохӯрӣ ҳисоби ниҳоиро Жуниор Мессяс гузошт, ки ба ӯ Жиру ирсоли головар анҷом дод.

Дастаи Стефано Пиоли бо 10 имтиёз аз шаш бозӣ дар гурӯҳи «Е» дуввум шуд ва ба дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфт.  “Ред Булл Залтсбург” бо 6 имтиёз дар зинаи севвум  ба даври плей-оффи Лигаи Аврупо рафт.

Ёдовар мешавем ,ки  «Милан» бори аввал дар 9 соли охир тавонист, ки  ба плей-оффи Лигаи чемпионҳо роҳ ёбад.  Охирон маротиба бошгоҳи шаҳри Милан дар мавсими  2013/14 ба даври плей-офф баромада  буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Видеосеминари омӯзишӣ доир ба пешгирии сирояти коронавирус

Айни замон ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тамоми шуъбаҳои Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» бо либосҳои муҳофизатии зидди бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ва дигар маводи тиббӣ таъмин ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: