Дар доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар шаҳри Душанбе маросими имзои созишномаҳои муштарак аз рӯи 7 лоиҳаи дигар баргузор гардид. Созишномаҳои мазкурро дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва беҳдошти вазъи кишоварзӣ дар минтақаҳои алоҳида, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 694 ҳазору 82 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии рақами 10-и шаҳри Душанбе ва сохтмони биноҳои нави мактаб дар ноҳияҳои Балҷувон, Бохтар, Нуробод, Тоҷикобод ва инчунин дастрас гардондани техникаҳои кишоварзӣ ба ноҳияҳои Ғончиву Ховалинг пешбинӣ шудааст. Ба иқрори масъулин роҳандозӣ шудани лоиҳаҳои мазкур пешравиҳои чашмрасе дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва кишоварзии шаҳру навоҳии номбурда ба вуҷуд хоҳад овард. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд
Шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва ...


рахмат барои хабархои диккатчалбкунанда
Ташаккур ба ахборот ки дастраси мо менамоед