Тоҷикистон бо Ҷопон ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳа Созишнома ба имзо расонд

2
4 070 просмотров

чопонДар доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар шаҳри Душанбе маросими имзои созишномаҳои муштарак аз рӯи 7 лоиҳаи дигар баргузор гардид. Созишномаҳои мазкурро дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва беҳдошти вазъи кишоварзӣ дар минтақаҳои алоҳида, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 694 ҳазору 82 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии рақами 10-и шаҳри Душанбе ва сохтмони биноҳои нави мактаб дар ноҳияҳои Балҷувон, Бохтар, Нуробод, Тоҷикобод ва инчунин дастрас гардондани техникаҳои кишоварзӣ ба ноҳияҳои Ғончиву Ховалинг пешбинӣ шудааст. Ба иқрори масъулин роҳандозӣ шудани лоиҳаҳои мазкур пешравиҳои чашмрасе дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва кишоварзии шаҳру навоҳии номбурда ба вуҷуд хоҳад овард. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.

2 comments

Добавить комментарий для Биение сердца Отменить ответ

Также рекомендуем

Кремль извинился за ошибку относительно собственников газеты Suddeutsche Zeitung

Слова президента Владимира Путина о связи немецкой газеты Suddeutsche Zeitung с американским банком Goldman Sachs стали следствием ошибки тех, кто готовил президенту справочные материалы, заявил пресс-секретарь главы государства ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: