“Ювентус” аз тарки бошгоҳ кардани Мората ва Бернардески хабар дод

0
1 376 просмотров

Бошгоҳи “Ювентус” дар сомонаи расмиаш аз тарк кардани Алваро Мората ва Федерико Бернардески хабар дод.

“Барори кор дар оянда, Алваро! Ташаккур барои ҳама!» —  дар сомонаи расмиаш бошгоҳи  шаҳри Турин гуфтааст.

Дар давоми ду мавсими охир дар «Ювентус» Мората дар 67 бозӣ ширкат карда, 20 гол зада,  Ҷоми Италияро ба даст овардааст.

Шартномаи ҳамлагар бо “Атлетико Мадрид” то  30 –юми июни соли 2023 ба охир мерасад. Ӯ дар ҳайати туриниҳо ба таври иҷора бозӣ мекард.

Ҳамчунин бошгоҳи «Ювентус» аз рафтани Бернардески ҳам дар саҳифаи расмиаш хабар дод. Ниммуҳофизатгар пас аз 5 сол ҳамчун агенти озод тарки бошгоҳ кард.  Федерико бо бошгоҳи “Ювентус” 3  маротиба қаҳрамони Италия ва ду маротиба Ҷом ва Суперҷоми Италияро ба даст овардааст.

Футболбози 28 сола дар ҳайати бошгоҳи туринӣ 183 бозӣ гузаронида,  12 гол ва 20 ирсоли головар аноҷом додааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сармураббии нави дастаи “Регар-Тадаз”

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев  бори дуввум роҳбарии дастаи “Регар-Тадаз”-ро бар уҳда гирифт. Ҳабибулоевро дар мансаби наваш имрӯз дар шаҳри Турсунзода  муаррифӣ намуданд. Қаблан ӯ солҳои 2001 то ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: