Иштироки 4 варзишгари тоҷик дар Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай

0
1 384 просмотров

27 март дар шаҳри Ташканди Ҷумҳурии Узбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон.

Фонди ҷоизавии ниммарафон 138 млн сум буда, дар он иштироки варзишгарон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар аст. Ниммарафони 4-уми байналмилалии Тошканд ба ҷашни Наврӯз бахшида мешавад.

Аз Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи мазкур чор нафар варзишгар ба шаҳри Ташканд сафарбар мегарданд: Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода ва Раҷабмо Абдуллоева.

Мавриди зикр аст, ки Меҳрубон Шамсидинов иштирокчии Чемпионати ҷаҳон — 2017 дар Кампалаи Уганда ва ниммарафони ҷаҳонии Валенсиа дар соли 2018 буда, рекорди инфиродиаш — 1:11:35 мебошад. Беҳтарин натиҷаи варзишгарони дигарамон чунин аст: Аъзамҷон Давлатов – 1:13:03, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода – 1:30:05, Раҷабмо Абдуллоева – 1:32:11.

Ниммарафони Созмони Ҳамкории Шанхай бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 инҷониб баргузор мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как предупредить весенний авитаминоз

Весенний авитаминоз, характеризующийся недостатком необходимых организму витаминов, настигает большинство людей в самом начале этого времени года. Усталость, плохая концентрация, память, шелушащаяся кожа, трещинки в уголках ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: