Футболбозони тоҷик барои анҷом додани бозии дӯстона ба Нур-султон фуруд омаданд

0
1 566 просмотров

Тими миллии Тоҷикистон барои анҷом додани бозии дӯстона бо дастаи Қазоқистон ба шаҳри Нур-султон, ки рӯзи сешанбе, 16 ноябр дар варзишгоҳи “Остона-Арена” бозӣ баргузор мешавад, фуруд омаданд.

Бозӣ соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ ва соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба бозии дӯстонаи дарпешистода сармураббии муваққати тими миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев 21 бозигар, аз ҷумла ҳашт легионерро овард.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Нур-Султон дар меҳмонхонаи Park Inn By Radisson истиқбол карданд.

Имшаб дастаи мо дар варзишгоҳи «Остона-Арена» тамрини пеш аз бозӣ мегузаронад.

Манбаъ: Аз рӯйи маводи «Sugdnews.com»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Шанбе – шоу» боз бо шумост!

Саломи гарму ҷӯшони маро қабул фармоед, мухлисони ҳамешагии барномаҳои радиои «Тироз»! Шуморо шодбошӣ мекунам, зеро акнун барномаи дигари интерактивии бо ном «Шанбе-шоу» тақдими якояки шумоён ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: