Кэтрин Эспин — «Зебосанами ҷаҳон- 2016»

0
4 976 просмотров

Дар Филиппин озмуни «Зебосанами ҷаҳон- 2016» баргузор гардида, ғолиби он Кэтрин Эспин аз Эквадор дониста шуд. Шоҳҷоизаро ба Кэтрин Эспин ғолиби озмуни «Зебосанами ҷаҳон-2015» намоянда аз Филиппин Ангелия Онг тақдим намуд. Дар ин озмун тамоми мақомҳои ифтихориро намояндагон аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ соҳиб гардиданд. Ҷойи дуюмро намоянда аз Колумбия — Мишел Гомес, зинаи сеюмро шаҳрванди Венесуэла Стефания де Зорзи ва мақоми чорумро Брюна Занардо касб намуданд. Ғолиби озмуни «Зебосанами ҷаҳон- 2016» Кэтрин Эспин ба ҳайси намоишгари либосҳо ифои вазифа карда, изҳор дошт, ки ӯ аз тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон нигарон мебошад. Эспин илова кард, ки маҳз ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин мушкили сайёра барои иштирок дар озмун розӣ шудааст.

Манбаъ: http://jahonnamo.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ЗАМОНАВӢ

Чанде қабл дар шаҳри Истаравшан боз як иншооти муҳими замонавии «Автодром», ки бо тарзи замонавӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: